Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози мусобиқаи қаҳрамонии футзали Осиё дар Дубай


Дамир Камолиддинов, сармураббии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон.
Дамир Камолиддинов, сармураббии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон.

Имрӯз, 25-уми май дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб мусобиқаи 12-уми қаҳрамонии футзали Осиё оғоз меёбад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” бо тимҳои Тайван (25-уми май), Ҷопон (26-уми май) ва Лубнон (27-уми май) рақобат мекунад.

Дамир Камолиддинов, сармураббии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, дар як нишасти матбуотӣ пеш аз оғози мусобиқа гуфт, «Аввалан ба мизбонон барои пазироии гарму ҷӯшон изҳори сипос менамоям. Мо омодагиро ба чемпионати Осиё як моҳ қабл дар шаҳри Душанбе оғоз карда будем. Якчанд бозии санҷишӣ анҷом додем. Мо ба ин ҷо, ба шаҳри Дубай як ҳафта пеш омадем. Дар ду бозии санҷишӣ аз тими мунтахаби Аморати Муттаҳидаи Арба бо ҳисоби 0:4 шикамст хӯрдем ва баъдан бошгоҳи «Дубай полис клаб»-ро бо ҳисоби 6:1 мағлуб кардем. Мутаассифона, дар бозии охирини санҷишӣ бозигари мо Обидҷон Исмоилов лат хӯрд ва ба гумон аст,ки дар мусобиқот иштирок намояд. Дар бораи гурӯҳи худ ҳаминро гуфтаниям, ки он мураккаб аст. Табиист, ки мо барои ба даври баъдӣ роҳ ёфтан мубориза мебарем. Ба фикри ман мунтахаби Ҷопон ғолиби гурӯҳ хоҳад шуд. Дастаҳои дигар барои ба чаҳорякфинал баромадан шонси баробар доранд.”

Дар нахустин даври мусобиқа 25-уми май дар маҷмааҳои варзишии «Ал-Васл» ва «Ал-Шабоб»-и Дубай дастаҳои зерин бо ҳам рӯбарӯ мешаванд: АМА – Туркманистон, Тайланд – Қирғизистон (гурӯҳи “А”), Ҷопон – Лубнон, Тайван – Тоҷикистон (гурӯҳи “В”), Австралия – Қатар, Эрон – Кореяи Ҷанубӣ (гурӯҳи “С”), Узбакистон – Кувайт ва Индонезия – Чин (гурӯҳи “D”).

Нахустин бозии мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» муқобили Тайван дар маҷмааи варзишии «Ал-Васл» имрӯз, соати 14.30 ба вақти Дубай ва соати 15.30 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.
XS
SM
MD
LG