Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумон ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ниёз дорад?


Борҳост, интихобкунандагон номаҳои дастаҷамъона дар матбуот нашр карда, норозигии худро аз фаъолияти вакилони худ баён медоранд.

Бархе аз онҳо пешниҳод мекунанд, ки фаъолияти порлумон ба гунае зери назорати ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор гирад, то қонунҳое ба тасвиб расад, ки манфиати ҷомеаро дар мадди аввал қарор диҳанд. Аммо қонунгузорон мегӯянд, онҳо вазифаи худро ба беҳтарин шакл анҷом медиҳанд ва дар вохӯриҳо бо интихобкунандагон дар ин бора гузориш медиҳанд.

Вале агар аз рӯи як силсила номаҳое, ки ҳафтаномаи “Фараж” ахиран ба табъ расонд, нигоҳ шавад, ноқаноатмандии интихобкунандагон дар ҳоли афзоиш аст. Сардабири ин ҳафтанома Хуршеди Атовулло мегӯяд:«Мутаассифона, намояндагони порлумон ба номаҳое, ки дар бораи онҳо меоянд, аслан посух намедиҳанд, ҳарчанд бино бар қонун бояд онҳоро бе вокуниш нагузоранд. Аз ин рӯ мардум бисёр мехоҳанд, ки як мақоме аз ҳисоби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба фаъолияти порлумон назорат кунад.»

Интихобкунандагон ва намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ мегӯянд, бино бар қонун, раъйдиҳандагон, яъне мардум ҳақ доранд, ки ҳар амали вакили худ дар порлумонро бидонанд, аммо ин ҳаққи онҳо поймол мешавад.

Мулоқоту вохӯриҳое, ки вакилони мардумӣ дар давоми сол ду бор бо интихобкунандагон барпо мекунанд, бештар барои шарҳу тафсири қарору фармонҳои раиси ҷумҳур ва порлумон истифода мешаванд, то шунидани амру дархости интихобкунандагон ва баррасии манфиатҳои онон.

Ҳуқуқшиноси тоҷик Бузургмеҳри Равшан зарурати назорати ҷомеаи шаҳрвандиро бар фаъолияти порлумон таъкид мекунад ва мегӯяд, ки робитаи вакилону интихобкунандагон бисёр камранг мебошад. Ба унвони мисол вай меафзояд, ки ҳарчанд сокинони кишвар аз пулакӣ шудани шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ норозӣ буданд, вале вакилони интихобнамудаи онҳо чунин қонунро қабул карданд.

Суоле пеш меояд, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ чӣ гуна ва бо чӣ роҳе метавонад фаъолияти порлумонро таҳти назорат қарор диҳад. Ҳуқуқшинос Бузургмеҳри Равшан меафзояд: «Ташкилоте созмон додан даркор, ки дар он ҷо як қисми вакилони порлумон шомил бошад ва қисми дигар аз ҳисоби интихобкунандагон бошанд, ки доир ба фаъолияти порлумон ва депутатҳо баҳс кунанд ва назари худро пешниҳод намоянд.»

Вале вакилони Маҷлиси намояндагон ин ақидаро рад мекунанд ва решаи мушкилро дар он мебинанд, ки расонаҳои ахбори омма ва хусусан телевизионҳои ҷумҳурӣ аз ҳаёти порлумон гузоришҳои ночиз медиҳанд. Исмоил Талбаков, вакилил Маҷлиси Намояндагон аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон бар ин аст, ки телевизиони ҷумҳурӣ бо пахши наворҳои видеоии бесадо ва бо як матни умумӣ аз ҷараёни иҷлосияҳо иктифо мекунад ва мардум намедонанд вакили интихобкардаи онҳо ба чӣ кор машғул аст:

Исмоил Талбаков, вакили МН аз ҲКТ.
Исмоил Талбаков, вакили МН аз ҲКТ.
«Дар ҳар иҷлосия се-чор вакил бо сабабҳои мухталиф нестанд ва инро раиси Маҷлис ба вакилон шарҳ медиҳад. Хуб мешуд, дар парламент вақте ки депутат ба сафар меравад, гузориш диҳад, ки ба куҷо сафар кард ва бо чӣ натиҷа баргаштааст ва ин натиҷа то куҷо муҳим аст. Ва ҳатман ин ҳама аз тариқи телевизион нишон дода шавад, ки мардум огоҳ шаванд.»

Таҳлилгари тоҷик Давлат Шоҳнусайриев мегӯяд, ки ҳоло порлумони касбии Тоҷикистон барои депутатҳои шароити бештар фароҳам овардааст. Ва баъзе аз вакилон курсии худро ба курсии як мансабадор табдил додаанд ва омода нестанд вориди муколама бо ҷомеаи шаҳрвандӣ шаванд: «Як мувозинат бояд бошад, лекин ҷомеаи шаҳрвандӣ то куҷо ба ин амал роҳ дода мешавад, ин баҳсбарангез аст.»

Бархе аз ҳамсӯҳбатони мо таҷрибаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро намуна меоранд, ки дар Конгресси ин кишвар мардум ҳаққи озодонаи вуруд ба толори Маҷлис ва назорат ба баҳсу баррасиҳои вакилонро дорад. Дар ҳоле, ки дар Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ҳатто хабарнигорон наметавонанд вориди толори баҳси депутатҳо шаванд ва дар як утоқи дигар аз тариқи монитор ба баррасиҳои онҳо нигоҳ мекунанд.

Аммо агар аз Шумо, хонандаи мӯҳтарам, суол шавад, ки аз фаъолияти вакили худ дар порлумон чӣ иттилоъ доред, чӣ хоҳед навишт? Лутфан, назар диҳед.
XS
SM
MD
LG