Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи ИА аз интихоботи Сербистон


Томислав Николич
Томислав Николич
ИА аз интихоботи раёсатҷумҳурии Сербистон истиқбол кард ва гуфт, ин раъйгирӣ аз азми Белград ба узвияти ИА “аломати хеле рӯшан” дод. Сарони Шӯрои Аврупо ва Куммиссиюни Аврупо дар як баёнияи муштарак аз барандаи интихоботи 20 май Томислав Николич даъват карданд, то ҳаракати Сербистон ба сӯи ҳамоиш бо ИА-ро идома диҳад. Николичи қавмгаро, ки дар даври дувуми интихобот бар Борис Тадичи ғарбгаро ғолиб омад, ваъда дода, ки Белград “аз масираш ба сӯи Аврупо бар нахоҳад гашт.”
XS
SM
MD
LG