Сайёд Мақсудов, писари Имомалӣ Мақсудов, собиқ раиси "Тоҷиккабел" ва аз афроди соҳибнуфузи Тоҷикистон бо ҷурми нофармонӣ ба қонун 5 рӯз аз озодӣ маҳрум шудааст.
Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, Мақсудов дар шаҳри Душанбе дар буриши кӯчаҳои Рӯдакӣ - Миршакар бо автомашинаи шахсиаш - «Порше Кайён» ҳаракати роҳро дағалона вайрон карда, ба фармони кормандони БДА итоат накардааст.
Вай афзуд, кормандони Воҳиди махсуси БДА ӯро боздошт карда, аз рӯи моддаи 479, қисми 1, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон, яъне итоат накардан ба амр ва талаботи қонунии корманди милиса парвандаи ӯро ба додгоҳ ирсол карданд ва додгоҳ ӯро ба панҷ рӯз аз озодӣ маҳрум кард.
Бино ба ин манбаъ, дар гузашта низ Мақсудов бо чунин қоидавайронкуниҳо даст зада, ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуда будааст. Ҷилавгирӣ аз омоли ғайриқонуни фарзандони афроди соҳибнуфуз ба раванде табдил ёфтааст. Дар гузашта расонаҳо аз боздошти иддае аз онҳо бо иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир хабар пахш карда буданд, аммо то ба имрӯз парвандаи ҳеҷ яке аз онҳо ба додгоҳ нарасидааст.