Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: Дар мавриди қаламрави евро созиш мушоҳида мешавад


Мулоқоти Кемп Девид
Мулоқоти Кемп Девид
Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, дар ҳоле, ки Аврупо бо бӯҳрони қарз рӯ ба рӯ шудааст, “созиши муқаддамотӣ” ба даст омадааст, ки бояд барои ба вуҷуд овардани ҷойҳои бештари корӣ тадбирҳои бештаре анҷом бигирад.

Обама ин нуктаро дар поёни мулоқоти раҳбарони 8 кишвари пешрафтаи санъатии ҷаҳон ё Ҷӣ 8 дар Кемп Девид изҳор дошт. Вай гуфт, афзоиши ҷойҳои корӣ бояд дар садри барномаҳо қарор дошта бошад ва Аврупои босуботу дорои иқтисоди рӯ ба рушд ба нафъи ҳама хоҳад буд.

Обама гуфт, роҷеъ ба як силсила масоили байналмиллалӣ, аз ҷумла роҷеъ ба масъалаҳои Эрон, Сурия ва Кореяи Шимолӣ миёни раҳбарони ҷаҳон пешрафт мушоҳида мешавад. Раҳбарони ҷаҳон изҳори омодагӣ карданд, ки агар дар натиҷаи ҷорӣ кардани таҳримҳои нав бар зидди нафти Эрон дар бозорҳои ҷаҳонӣ камбуди нафт мушоҳида шавад, захираҳои худро ба кор хоҳанд андохт.
XS
SM
MD
LG