Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон Рӯзи дави миллӣ баргузор шуд


Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ба “Озодӣ” гуфт, “дар ин пойгаи анъанавии оммавӣ, ки бо фармони президенти Тоҷикистон ҳар сол якшанбеи севуми моҳи май дар ҳамаи манотиқи кишвар доир мешавад, афроди синну сол ва касбу кори мухталиф ширкат карда, бо хоҳиши худ ба масофаҳои 3, 5 ва 10 километр давиданд. Рӯзи дави миллӣ дар ҳамаи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дар як вақт – соати 9-и субҳ оғоз ёфт.”

Ба иттилои ҷаноби Мирзоев пойгаи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе аз посгоҳи Бозрасии давлатии автомобилии Чорбоғ шурӯъ шуд ва дар “Наврӯзгоҳи пойтахт” (собиқ Ипподроми Душанбе) ба анҷом расид.

Инчунин дар чаҳор ноҳияи пойтахти кишвар пойга ба масофаи 3 километр баргузор шуд, ки дар он хонандагону донишҷӯён, кормандони ҳамаи муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ ширкат варзиданд.

Ба ғолибону ширкаткунандагони фаъоли пойга тӯҳфаҳои кумитаҳои тадорукоти Рӯзи дави миллӣ супурда шуданд.
XS
SM
MD
LG