Шикояти додгохии падару модар аз фарзандон, махсусан занҳои бешавҳар ҷиҳати дарёфти ҳаққи манзили зист бештар аз 50 дарсади баҳсҳои додгоҳии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Аммо аксари мардуми бузургсол, ки дар синни пирӣ аз фарзандон тараҳҳум намебинанд, дар баҳсҳои додгоҳӣ пирӯз намешаванд. Ҳарчанд мақомоти додгоҳии Тоҷикистон мегӯянд, дар баррасии чунин парвандаҳо бар асоси қонунгузориҳои кишвар ҳаққи он мардум ҳимоят мешавад.
Зӯҳро Валиева, сокини 55 солаи Душанбе се сол аст, ки дар хонаи пирони бесарпаноҳ зиндагӣ дорад. Хонум Валиева мегӯяд, 22 сол бо шавҳараш Абудулло бо ҳам зиндагӣ карда ва 8 фарзанди ӯро тарбия карду ба воя расонд. Аммо баъди марги шавҳараш, се соли пеш, фарзандони ба балоғатрасида ӯро дар сини пирӣ аз манзили шавҳар берун карданд.Сабаби аслӣ, афзоиши аъзои хонавода ва маҳдуд шудани манзили зист барои як хонадони серфарзанд буд.
Хонуми Зуҳро мегӯяд: “Як хонаро аз хоҳари ҳамсари аввали шавҳарам харидам. Бо шавҳарам 12 сол зиндагӣ кардам. Фарзандони шавҳарам ӯро маҷбур карданд, ки аз ман ҷудо шавад. Ва ду сол баъд шаҳварам аз дунё гузашт. Ҳуҷҷатҳои хона ба номи шавҳар буд ва пас аз фавти шавҳар фарзандонаш маро заданд, ҳуҷҷатҳои хонаро аз дастам гирифтанд. 7 сол аст, ки дар ба дари додгоҳҳо мегардам.»
Зӯҳро Валиева мегӯяд, баъди марги шавҳар бисёр хорӣ кашид ва мавриди латтукӯби фарзандон қарор гирифт. Ӯ маҷбур шуд ба додгоҳ муроҷиат кунад. Аммо додгоҳ хисороти ҷисмонии ӯро 1000 доллар бароварда кард, ки баъдан ҳамчун ҳаққи ӯ ба манзили шавҳар талаққӣ шуд. Ҳамин тавр Зӯҳро Валиева дар кӯча монд.
Шарофат Раҳимова, вакили дифои Рустам Валиев, яке аз фарзандони шавҳари Зӯҳро Валиева мегӯяд, ҳарчанд хонуми Зӯҳро пас аз дарёфти 1000 доллар бар ивази ҳаққи манзил ҳуқуқи даъво надошт, вале додгоҳ бо манзури танҳоиву фарзанди маълулаш аз Зуҳро пуштибонӣ кард: “Он ҷо як ҳавлии калон аст, ки аз шавҳари Зӯҳро мерос мондааст. Он ҷо 8 нафар зиндагӣ дорад, ҳарчанд Зӯҳро ҳақи манзил надошт, аммо ба ӯ аз он ҷо як утоқ доданд. Аммо Зӯҳро мехоҳад, ки он утоқи барояш ҷудошударо гирифта аз фарзандони угайяш ҷудо кунад. Ин имкон надорад , ҳамаи утоқҳои он манзил ба ҳам пайванд, дар сурати ғайр дигар утоқҳо низ зарар мебинанд.»
Ин як намуна аз садҳо баҳсҳои хонаводаҳои Тоҷикистон сари манзили зист аст, ки солҳои тулонӣ идома мекунанд. Сафарбек Нуралиев, як додраси додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе мегӯяд, танҳо дар чаҳор моҳи соли ҷорӣ 12 парвандаи марбут ба баҳси манзил миёни аъзои хонаводаҳоро баррасӣ кардааст. Ба қавли ҷаноби Нуралиев, дар додгоҳи ин ноҳия мисли ӯ 8 додраси дигар фаъолият доранд, ки онҳо низ чандин парвандаи ба ин монандро баррасӣ кардаанд:
«Вақте ки дар як манзили истиқомати 2-3 оила зиндагӣ мекунанд, фарзандон ки калон шуданд, баҳси манзил ҳам пеш меояд. Онҳо ба додгоҳ муроҷиат мекунанд ва баҳсҳои онҳо дар додгоҳ баррасӣ мешавад. Аммо дар маҷмӯъ солҳои ахир чунин баҳсҳои манзил хеле афзоиш ёфтааст. Вале вақте ки волидайн дар манзил бо фарзандон зиндагӣ мекунанд, агар ғайриқонунӣ аз манзил маҳрум карда шаванд, тибқи қонунгузориҳо додгоҳ аз ҳаққи онҳо ҳимоят мекунад. Агар он волидайн ҳаққи зиндагӣ дар он манзилро дошта бошанд.»
Таҳлилгарон далели афзоиши босуръати баҳсҳои манзил миёни аъзои хонаводаҳо, хусусан фарзандон ва падару модари пиронсолро ба поён рафтани сатҳи фарҳангу маънавиёт ва шикасти суннатҳои эҳтироми бузургон марбут медонанд.
Ба қавли Ганҷина Ганҷова, таҳлилгари масоили иҷтимоӣ, маҳз ноадолатии додгоҳҳо дар солҳои ахир ва ба манфиати фарзандон анҷом ёфтани баҳсҳои манзил, сабаби дигари афзудани беэҳтиромӣ нисбати падару модар дар даврони пирӣ шудааст: "Дар чунин баҳсҳои аъзои як хонавода сари манзил бояд додрасҳо бояд боадолат бошанд. На ин ки аз як узви хона, ки пул дорад, ришва гирифта, узви дигари хонавода, ба хусус бузургсолонро, ки имкони ришвадиҳӣ надоранд, аз ҳаққи манзил маҳрум кунад. Инчунин ҳодисаҳо натанҳо дар Душанбе, балки дар деҳот низ солҳои ахир хеле афзоиш ёфтааст. Чанде қабл худи ман шоҳиди ҳалли ноадолатонаи баҳси манзил миёни аъзои як хонавода будам."
Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар гузориши худ оиди вазъи ҳуқуқи инсон дар кишвар гуфтааст, ки 70 дарсади шикоятҳои расида ба Омбудсмен марбут ба баҳсҳои манзил будааст.