Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шералӣ Гул: Тоҷикистон ба иҷрои тарҳи КАСА-1000 омодааст


Ҳайатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Қирғизистон якҷо бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Исломии Рушд, Бонки Рушди Осиё ва дигар ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ дар ҳамоише дар Дубай масъалаҳои марбут ба сармоягузории тарҳи интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон, мавсум ба КАСА-1000-ро баррасӣ мекунанд. Қарор аст, дар поёни нишаст созишномаи байни кишварҳо ва донорҳо ба имзо расад. Дар мулоқот вазири саноат ва энергетикаи Тоҷикистон Шералӣ Гул гуфт, кишвараш иҷрои ӯҳдадориҳои худ омодааст. Вазири Афғонистон Исмоил Хон мегӯяд, кишвараш амнияти хатти интиқоли барқро таъмин хоҳад кард. Сарпарастии умумии тарҳро Бонки Ҷаҳонӣ дар ӯҳда дорад. Қарор аст, иҷрои тарҳ дар моҳи феврали соли 2014 оғоз ёбад. Бино бар он Афғонистон аз Тоҷикистону Қирғизистон 300 мегаватт ва Покистон 1000 мегаватт нерӯи барқ харидорӣ кунанд. Қарордоди байни давлатҳо дар ин бора 4-уми августи соли 2008 ба имзо расида буд.
XS
SM
MD
LG