Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусовии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон


Дастаи мунтахаби ҷавонони то 22-солаи Тоҷикистон бозии санҷиширо бо тими мунтахаби вилояти Хатлон бо ҳисоби 1:1 анҷом дод.

Ин бозиидӯстона дар доираи омодагиҳои футболбозони ҷавони тоҷик ба сабқати интихобии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё рӯзи 16-уми май дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа бо ҳузури 4000 мухлис баргузор шуд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон футболбозони ҷавон аз тимҳои лигаи олии кишвар ва ба ҳайати дастаи мунтахаби вилояти Хатлон бозигарон аз се даста - «Равшан»-и Кӯлоб, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Ҳосилот»-и Фархор дохил буданд.

Бозӣ хеле пуршиддату шавқангез сурат гирифт. Ҳарду гол дар нимаи дувуми дидор зада шуд. Ҷӯрахон Азизов, ҳамлагари дастаи тозатаъсиси вилояти Хатлон ва “Ҳосилот, дар дақиқаи 55-ум ҳисобро боз кард. Баъди 20 дақиқа Ҷаҳонгир Эргашев, ҳамлагари дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар ва тими ССКА “Помир”-и Душанбе, ҳисобро баробар кард.

Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, пас аз анҷоми ин бозӣ дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, “ин бозии озмоишӣ буд ва мо аз ин бозии дӯстона фаҳмидем, ки бозигарони ҷавони мо дар чӣ ҳолат қарор доранд. Дар нимаи аввали бозӣ ҳарду даста, аслан, аз паи ҳимояи дарвоза шуданд. Дар нимаи дувум ҳайати дигар ба майдон омад ва бозӣ шавқовар сурат гирифт ва мухлисон шоҳиди ду гол шуданд.”

Ҳайатҳои дастаҳо чунин буд:
Дастаи мунтахаби вилояти Хатлон: Умед Давлатов, Зафар Назиров, Далер Шомуродов, Ҳасан Рустамов, Камолҷон Ортиқов (капитан), Комрони Мирзохон, Тоҳир Зоиров, Ҳикматулло Расулов, Эраҷ Холов, Нӯъмонҷон Ҳакимов, Фозил Сатторов.

Дар нимаи дувум инҳо ҳамдастаҳояшонро иваз карданд: Рустам Ризоев, Фаридун Рустамов, Хуршед Каримов, Фаррухи Ҷӯрахон, Комрони Саидзод, Саидамир Мирзоев, Ҷӯрахон Азизов, Шавкат Худойназаров, Тоҷиддин Абдураҳмонов, Нурулло Мамадризоев.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон: Файзалӣ Давлатов, Наим Улмасов, Сиёвуш Асроров, Фурӯғ Қодиров, Руслан Тиллоев, Шамсиддин Қосимов, Азимҷон Юнусзода, Расул Файзов, Манучеҳр Саидзода, Беҳзод Шарифов, Шодибек Ғаффоров.

Дар нимаи дувум инҳо ҳамдастаҳояшонро иваз карданд: Фаррух Бердиев, Сулаймон Мирзомуродов, Сергей Абрамов, Шероз Абдуллоев, Манучеҳр Аҳмадов, Раҳмонҷон Ҷӯраев, Алишер Шарифов, Ҷамолиддин Зардиев, Умедҷон Шарифов, Бахтиёр Қаландаров, Нодирбек Маъмиров, Ҷаҳонгир Эргашев.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо тимҳои Баҳрайн, Эрон, Қатар, Кувайт ва Ҷазоири Молдив рақобат хоҳад кард. Бозиҳои ин гурӯҳ аз 23-юми июн то 3-юми июл дар пойтахти Малайзия – шаҳри Куала-Лумпур баргузор хоҳанд шуд.

Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба даври ниҳоӣ, ки аз 11-ум то 26-уми январи соли 2014-ум доир мешавад, роҳхат мегирад. Мусобиқаи қаҳрамонии футболбозони то 22-соларо Конфедератсияи футболи Осиё барои бори аввал баргузор мекунад ва бар асоси нақша он дар ҳар ду сол як маротиба барпо мегардад.

Мусобиқаи қаҳрамонии соли 2014-ум озмоишист ва мусобиқае, ки соли 2016-ум барпо мешавад, мақоми сабқати интихобии Олимпиада-2016 дар Бразилро касб хоҳад кард.

Тақвими бозиҳои дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-22) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2013

Даври 1-ум
23-юми июн (шанбе)

Тоҷикистон – Баҳрайн
Қатар – Молдив

Даври 2-юм
25-уми июн (душанбе)

Баҳрайн – Кувайт
Эрон – Қатар
Тоҷикистон – Молдив

Даври 3-юм
28-уми июн (панҷшанбе)

Кувайт – Тоҷикистон
Молдив – Эрон
Баҳрайн – Қатар

Даври 4-ум
30-юми июн (шанбе)

Қатар – Кувайт
Молдив – Баҳрайн
Эрон – Тоҷикистон

Даври 5-ум
3-юми июл (сешанбе)

Кувайт – Молдив
Тоҷикистон – Қатар
Баҳрайн – Эрон

Минтақаи ғарбӣ

Гурӯҳи А: АМА, Ироқ, Умон, Ҳиндустон, Туркманистон, Лубнон.

Гурӯҳи В: Арабистони Саудӣ, Сурия, Покистон, Фаластин, Қирғизистон, Шри-Ланка.

Гурӯҳи С: Баҳрайн, Эрон, Тоҷикистон, Қатар, Кувайт, Молдив.

Гурӯҳи D: Узбакистон, Урдун, Яман, Бангладеш, Непал.

Минтақаи шарқӣ

Гурӯҳи Е: Австралия, Ҷопон, Индонезия, Сингапур, Макао, Тимори Шарқӣ.

Гурӯҳи F: Кореяи Шимолӣ, Чин, Тайланд, Ҳонконг, Лаос, Камбоҷа.

Гурӯҳи G: Кореяи Ҷанубӣ, Вйетнам, Малайзия, Мянмар, Тайван, Филиппин.
XS
SM
MD
LG