Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занон бештар кори мардони "чевар"-ро меписанданд


Дӯзандагӣ дар Тоҷикистон "кори занона" дониста мешавад, аммо солҳои охир мардон низ сари дастгоҳи дӯзандагӣ нишаста, бо занон рақобат мекунанд.

Бо Мурод, як ҷавони 23-солаи тоҷик, ки машғули дӯхтани куртаи занона буд, дар яке аз дӯконҳои дӯзандагии пойтахт шинос шудем. Мурод ҳам мисли аксар ҳамкасбонаш ин шабу рӯз хеле серкор будааст, чун дар фасли баҳор аксарият мехоҳанд либоси хушдӯхту миллӣ ба бар кунанд ва дар ин мавсим талабот ба кори дӯзандаҳо ҳам меафзояд.

Мурод мегӯяд, "аз хурдӣ ба ин касб шавқ доштам, худам тарҳи либосҳоро фикр кардаву рӯи коғаз меовардам. Ҳоло аз ҷавонон сар карда, то калонсолон ба ман муроҷиат мекунанд. Фикр мекунам, мизоҷон, аксаран занон, назар ба дӯзандаҳои зан ба мардон бештар бовар доранд, зеро занон ғолибан ваъда медиҳанд, ки дар як моҳ куртаро дӯхта медиҳанд, аммо ин кор то 1 моҳ тӯл мекашад. Мардон як ҳафта, ки гуфтанд, дар ҳамин муддат куртаро бо сифат ба дасти мизоҷ месупоранд."

Дар ҳоле ки дар Тоҷикистон аксарият ин машғулиятро касби занона медонанду ҷавонон аз рӯ овардан ба он шарм медоранд, Мурод, ин ҷавони дӯзанда тавонистааст дар ин самт муваффақ шавад ва бо таъсиси дӯкони вижаи худ 7 нафар занони таҷрибадору аз худ бузургро бо ҷои кор таъмин кунад. Гулчеҳра, зане, ки 30 сол боз дӯзандагӣ мекунад, бо ёдоварӣ аз даврони ҷавонии худ мегӯяд, он замон дар дӯконҳои дӯзандагӣ дар баробари занон мардонро ҳам зиёд дидан мумкин буд. Ба назари ин мусоҳиби мо, дар воқеъ дарзи дастони мард сифат ва зеби дигар дорад: "Онҳо фантазияи бой доранд ва ба занон аз нигоҳи як мард курта медӯзанд, ки ин зебову хушдӯхт мебарояд. Аммо дӯзандаҳои зан, ки имрӯз шуморашон хеле зиёд аст, ба ғайр аз кор дар сари мошина боз дар фикри хонаву фарзанду чанд мушкили дигар аст, ки ин аксаран ба сифати корашон бетаъсир намемонад."

Шояд ҳамин вуҷуди талабот ба дӯхти мардон ва чеварони мард боис шуда, ки солҳои ахир мушоҳида мешавад дубора мардон ба ин касб рӯ меоранд ва дар дӯконҳои дӯзандагии кишвар ҳадди аққал як марде ба назар мерасад, ки машғули дӯхтану буридан ё андоза гирифтан аз занону мизоҷонанд.

Дар миёни ин мардони дӯзанда, ҷавонписарони афғонро ҳам дидан мумкин аст, ки ба муштариёни тоҷики худ хидмат мерасонанд. Абдулқодир, як ҷавони афғон 3 сол аст, ки дар Тоҷикистон фаъолият дорад. Дар ватани Абдулқодир, дӯзандагӣ кори аслии мардҳо буда, занҳо нисбатан камтар ба ин пеша сарукор мегирифтаанд.

"Ин касб танҳо хоси мардон ё занон нест. Ин барои ҳама аст. Дар Афғонистон, маълум аст, ки мардон наметавонанд озод рафта ба занони дӯзанда муроҷиат кунанд ё занон озодона дар дӯконҳои махсуси дӯзандагӣ фаъолият дошта бошанд, барои ҳамин ин корро бештар мардон анҷом медиҳанд ва як қисми занон барои ҳамдигар хидмат мерасонанд. Ман ин касбро дар Дубай аз худ кардаам",-афзуд ҳамсӯҳбати мо.

Ба ин тартиб, дар як муддати кӯтоҳ ва бо сифати хуб дӯхтану таҳия кардани либос яке аз вижагиҳои кори мардони дӯзанда дар Тоҷикистон дониста мешавад. Вале арзиши хидмати мардон ба фарқ аз чеварони зан гаронтар будааст. Гулрӯ, як ҳамсӯҳбатони дигари чевари мо дар ин зимн мегӯяд: "Масалан, куртаро мо бо 60 сомонӣ агар дӯзем, онҳо бар ивази 100-200 сомонӣ ин корро анҷом медиҳанд. Бо ин вуҷуд муштарӣ доранд. Намедонам, ё ба хотире, ки ҷавонписаранд, духтарон ба онҳо муроҷиат мекунанд ё сабаб метавонад ин бошад, ки онҳо сермаҳсуланд ва дӯхти як куртаро дар муддати кӯтоҳ метавонанд анҷом диҳанд."

Дӯзандагӣ аз ҳунарҳое маҳсуб меёбад, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон он ҳамеша талабгори худро дорад. Мизоҷони ин ҳунар аксаран занҳоянд ва шояд ҳамин аст, ки бештар занону духтарон аз пайи омӯзиши он мешаванд. Махсусан имрӯз аксари духтароне, ки имкони таҳсил донишгоҳу гирифтани ихтисосеро надоранд, дӯзанда мешаванду бо ин роҳ зиндагии худро пеш мебаранд. Аммо гуфта мешавад, бекориву вуҷуди талабот ба ин ҳунар боис шуда, ки акнун дар қатори занон мардон ҳам оҳиста-оҳиста рӯ ба он меоранд.
XS
SM
MD
LG