Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи коҳиши қурби евро


Қурби евро ба сатҳи дар 4 моҳи охир бесобиқа поён рафт. Нигарониҳо дар бораи ба тарки минтақаи евро маҷбур шудани Юнони буҳронзада як иллати аслии коҳиши қурби воҳиди пули умумии Аврупо гуфта мешавад. Имрӯз қурби 1 евро баробари 1 доллару 27 сент шуд, ки қурбе аз миёнаи моҳи январ бесобиқа аст. Ин дар ҳолест, ки Юнон дар паи нокомии аҳзобаш ба ташкили кобинаи эътилофӣ роҳии интихоботи нав мешавад. Раисиҷумҳури Юнон Каролос Папоулиас имрӯз бо сарони аҳзоб мавзӯъи ташкили ҳукумати кафолатиеро, ки идораи умурро то интихоботи моҳи оянда ба дӯш бигирад, баҳс кардааст.
XS
SM
MD
LG