Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Венизелос: Интихоботи такрорӣ дар Юнон ногузир аст


Евангелос Венизелос
Евангелос Венизелос
Раҳбари сотсиалистҳои Юнон Евангелос Венизелос ба ногузирии интихоботи такрории парлумонӣ таъкид кард. Ин изҳороти ӯ баъди он нашр гардид, ки музокироти имрӯзаи панҷ ҳизби асосии кишвар ноком анҷом ёфт.

Дар ин музокирот раҳбарони аҳзоб дар мавриди пешниҳоди раисиҷумҳури Юнон Каролос Папулияс оиди таъсиси ҳукумати технократҳо ба хотири рафъи ихтилофи назарҳо миёни ҳизбҳои сиёсӣ ба созиш нарасиданд. Аҳзоби Юнон дар робита ба шарту шароити дарёфти кӯмаки молиявии Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи байнулмилалии пул ихтилофи назар доранд.

Интихоботи парлумонӣ дар Юнон 6 май баргузор гардид ва дар он ягон ҳизб ба дарёфти бештари раъйҳо ва ҳаққи ташкили ҳукумати нав муваффақ нашуд.
XS
SM
MD
LG