JP Morgan-бузургтарин бонки Амрико мегӯяд, ки дар 6 ҳафтаи ахир 2 миллиард доллари худро аз даст додааст. Ҷемӣ Даймон-раиси ин бонк онро натиҷаи “иштибоҳҳои зиёд, кори нодуруст ва арзёбиҳои бад” медонад. Баъд аз эълони ин нокомӣ нишондодҳои бонк дар чанд соати тиҷорат дар бозори саҳом 7 дарсад поин рафт. Саҳмияи бонкҳои дигар, аз ҷумла Citigroup ва Бонки Амрико низ хеле зарар диданд.