Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ бамгузориҳои Сурияро маҳкум кард


Саҳнае аз инфиҷор дар Димишқ
Саҳнае аз инфиҷор дар Димишқ
Ҳукумати Сурия мегӯяд, дар ду инфиҷори бам дар Димишқ-пойтахти Сурия дасткам 55 нафар кушта, беш аз 370 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Вазорати корҳои дохилаи Ироқ мегӯяд, яке аз бамгузориҳо, ки бинои хадамоти кашфи Сурияро ҳадаф қарор дода буд, бамгузории интиҳорӣ мебошад.

Шӯрои Миллии мухолифони Сурия режими Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурияро муттаҳам кард ва гуфт, режим мехоҳад бо ин кор нозирони оташбаси СММ ба ваҳшат андозад ва ба маҳофили байналмиллалӣ бигӯяд, ки режим бо “терористҳо” мубориза мекунад. Шӯрои Амнияти СММ ва Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ ин инфиҷорҳоро маҳкум карданд.
XS
SM
MD
LG