Силсилаи тарҳҳои нави либос, ки тарроҳ Мира Мирзобоева онро “Ханша. Сару тани зани мусулмон” унвон кардааст, бештар ба унсурҳои зоҳирии сатри Исломӣ такия зада, аммо ба сурати умум шакли либоси аврупоиро нигоҳ доштааст. Ба навиштаи матбуоти Қазоқистон, тарроҳи машҳур хостааст, либоси занонаи аврупоиро бо шартҳои сарулибоси Исломӣ пайванд ва омезиш диҳад. Калимаи “Ханша” ба маънии ҳамсари хон аст.
Намоиши тарҳҳои нави Мирзобоева рӯзи 9-уми май бо пошидани гулбаргҳо ва чошнии қанду ширинӣ оғоз ёфт ва дар он теъдоде аз занони мусулмон ширкат карданд.
Сатри мусулмонӣ дар кӯчаҳои Алмато, Остона ва шаҳрҳои дигари Қазоқистон кам ҳам бошадӯ, ба назар мерасад ва Мирзобоева ба занони ҷавон пешниҳод мекунад, ки бо пӯшидани либосҳое, ки ӯ тарроҳӣ кардааст, онҳо метавонанд, ҳам сатри мазҳабиро риоят кунанд ва ҳам зебоии худро ҳифз намоянд. Талошҳои ин тарроҳи қазоқ ба тамоюлоте дар мӯди Исломӣ дар сатҳи ҷаҳон ҳамоҳангӣ мекунанд.