Ширкати мошинсозии “Toyota” эълон кард, ки имсол даромадаш беш аз 2 маротиба афзуда, ба 10 миллиард доллар наздик хоҳад шуд. Ин ширкати ҷопонӣ мегӯяд, даромадаш дар 3 моҳи аввали сол беш аз 4 маротиба афзуда, 1,5 миллиард долларро ташкил дод. Акио Тойода, президенти ширкат гуфт: “Тамаркуз ба сохтани “мошини дуруст” ба ҳаҷми фурӯш ва даромадҳо таъсир кард. Ин ба навбаи худ сармоягузорӣ ба сохтани мошинҳои боз ҳам беҳтарро дар пай дорад.”
“Toyota” мегӯяд, афзоиши даромадаш зоҳиран аз ҳисоби афзоиши талабот ба мошинҳои хурди арзонбаҳо ва ҷавобгӯи меъёрҳои муҳитзистӣ ба даст хоҳад омад. Таҳлилгарон мегӯянд, “ Toyota” баъди заминларза ва тсунамии соли гузашта ба як сурати қавӣ эҳё мешавад.