Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки ҷаҳонӣ дар мавриди додани 11 миллиону 850 ҳазор доллар кӯмаки нави билоиваз ба Тоҷикистон қарор кардааст.

Ин кӯмак дар чаҳорчӯби барномаи рушди зербинои мунитсипалӣ буда, таъмини беҳтари беш аз 200 000 сокини Қӯрғонтеппаву Фархор, Кӯлобу Восеъ ва Данғараро ба ҳадаф доштааст.

Ин маболиғ аз ҷумла барои бахшҳои обрасонӣ ва беҳдоштӣ ва ҳамчунин барои таҳкими зербинои таъмини шароити дарозмуддати беҳбуди сифати зиндагии мардум масраф шуда, 2 миллион доллар аз ин барнома барои рафъи авоқиби обхезиҳо дар навоҳии вилояти Хатлон масраф хоҳад шуд.

Қисмати ахири сармояи грант ҷиҳати насби ҳисобкунакҳои об дар шаҳрҳои хурдро мавриди назар қарор дорад, ки сокинони ин шаҳрҳо ба оби ошомидани дастрасии баробар дошта бошанд.

Бонки ҷаҳонӣ дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 14 тарҳро ба маблағи умумии 225 миллион доллар таъмини молӣ мекунад. 35 дарсади ин барномаҳо дар бахшҳои энерживу обрасонӣ, 31 дарсад барои рушди русто ва кишоварзӣ ва 30 дарсадаш барои рушди соҳоти маорифу ҳифзи сиҳат ва ҳимояти иҷтимоӣ буда, танҳо 4 дарсади барномаҳои Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ҳимоят аз сиёсати иқтисодӣ ва бахши давлатиро дунбол мекунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Озодӣ дар Ютуб

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG