Вай гурзро ба дурии 77 метру 34 сантиметр ҳаво дод ва мақоми аввалро касб кард. Рақибонаш Павел Файдек (Лаҳистон) бо натиҷаи 76.31 ҷойи дувум ва Маркус Эсер (Олмон) бо натиҷаи 76.29 ҷойи севумро соҳиб шуданд.
Ёдовар мешавем, Дилшод Назаров дар байни варзишгарони тоҷик аввалин шуда соҳиби роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2012 дар Лондон гардидааст. Ӯ порсол дар мусобиқаи байналмилалии “Гран-прии тиллоӣ”-и Seiko дар шаҳри Кавасакии Ҷопон гурзро ба дурии 76 метру 52 сантиметр ҳаво дода, соҳиби медали биринҷӣ ва роҳхати олимпӣ шудааст.
Дилшод Назаров орзу дорад, ки ба мисли устодаш Андрей Абдувалиев қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ шавад. Вай дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “дар урфият мегӯянд, «сарбозе, ки орзуи ҷенерол шуданро надорад, сарбози хуб нест». Ҳар як варзишгар мехоҳад, ки қаҳрамони олимпӣ шавад. Ман ҳам истисно нестам».