Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Дилшод Назаров дар Гран-При


Дилшод Назаров (АКс аз бойгонӣ)
Дилшод Назаров (АКс аз бойгонӣ)
Гурзандози тоҷик Дилшод Назаров дар мусобиқоти Гран-При дар Кавасакии Ҷопон соҳиби ҷои аввал шуд. Дилшод Назаров гурзашро дар ин сабқат ба масофаи 77 метру 34 сантиметр андохт, ки назар ба рақиби аслиаш Павел Файдек аз Лаҳистон 1 метру 3 сантиметр болотар аст. Ҷои севумро дар Кавасакӣ Маркус Эссер аз Олмон ба даст овард. Дилшод Назаров ҳанӯз соли гузашта соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Лондон шуда буд.
XS
SM
MD
LG