Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастаи «Ал-Амарӣ»-и Фаластин ба Душанбе омад


Дастаи "Ал-Амарӣ" вориди Душанбе шуд
Дастаи "Ал-Амарӣ" вориди Душанбе шуд

Дастаи «Ал-Амарӣ», қаҳрамони дукаратаи Фаластин, барои ширкат дар сабқати интихобии Ҷоми раиси АФК (Конфедератсияи футболи Осиё)-2012 шаби 2-юми май ба Душанбе омад.

Дар сабқати гурӯҳи «С», ки аз 5-ум то 9-уми май дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе барпо мегардад, дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон, «Ал-Амарӣ»-и Фаластин ва «Балкан»-и Туркманистон ширкат меварзанд.

Ба иттилои маркази матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ҳайати дастаи «Ал-Амарӣ» 20 бозигар дохил аст. Сармураббии даста Раед Юсуф Ҷумъа Асаф мебошад. “Ал-Амарӣ” ду бор – солҳои 1997-ум ва 2011-ум ба унвони қаҳрамони Фаластин мушарраф шудааст. Дар мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии кишвар “Ал-Амарӣ” дар ҷойи панҷум қарор гирифт.

Нахустин бозии “Ал-Амарӣ” бо тими“Балкан”рӯзи 5-уми май баргузор мешавад. Фаластиниҳо 7-уми май бо тими мизбон - “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон, рақобат хоҳанд кард.

Бар асоси низомномаи мусобиқа дастаҳое, ки дар гурӯҳи худ ҷойҳои якуму дувумро мегиранд, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми раиси АФК роҳ меёбанд.

Барои мухлисон тамошои бозиҳо пулакист. Нархи чиптаи даромад ба варзишгоҳ 10 сомонӣ буда, он ҳамчунин билети лотерея ба шумор меравад. Ба бозии лотерея ду мошини сабукрави тамғаи ВАЗ-21015, се скутер (дучарха) ва техникаи маишӣ гузошта мешаванд.

Мухлисон метавонанд чиптаҳоро аз кассаҳои Варзишгоҳи марказӣ ва шӯъбаҳои филиали букмекерии идораи «Формула успеха» бихаранд.

Ҷоми раиси АФК. Сабқати интихобӣ. Гурӯҳи «С»

Даври 1-ум
5-уми май (шанбе)

«Балкан» (Туркманистон) – «Ал-Амарӣ» (Фаластин)

Даври 2-юм
7-уми май (душанбе)

«Ал-Амарӣ» (Фаластин) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Даври 3-юм
9-уми май (чоршанбе
)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Балкан» (Туркманистон)

Ҳарсе бозӣ соати 16 ба вақти Душанбе оғоз меёбад.

Доварону нозирони бозиҳои сабқати интихобии Ҷоми раиси АФК низ ба Душанбе омаданд.

Комиссари бозиҳо:
Муним Исо Елиас Фахору (Урдун)

Нозири доварон:
Алӣ Аҳмад Ал-Траифӣ (Арабистони Саудӣ)

Доварони ФИФА:
Ми Нинг (Чин)
Ямамото Юдай (Ҷопон)
Темур Файзулин (Қирғизистон)
Хуррам Шаҳзод (Покистон)

Ёварони довари ФИФА:
Хан Вей (Чин)
Муҳаммад Ризо Довуд Мансурӣ (Эрон)
Сергей Гришченко (Қирғизистон)
Мурод Воҳид (Покистон)
XS
SM
MD
LG