Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғолибони мусобиқаи қаҳрамонии таэквондои Осиё


Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар риштаи таэквон-до ИТФ, ки дар шаҳри Душанбе се рӯз идома кард, дар ҳисоби умумидастаӣ байни бузургсолон бо пирӯзии тими мунтахаби Кореяи Шимолӣ ба анҷом расид.

Дастаи мизбон – Тоҷикистон мақоми дувумро касб кард. Тими мунтахаби Қазоқистон севум шуд.

Дар мусобиқаи наврасон тими мунтахаби Тоҷикистон дар ҳисоби умумидастаӣ ғолиб омад. Дастаи Қазоқистон дар ҷойи дувум ва тими Кореяи Шимолӣ дар ҷойи севум қарор гирифтанд.

Дар сабқати бузургсолон миёни мардон Ри Хион, варзишгари Кореяи Шимолӣ, бо касби ду медали тилло ба унвони қаҳрамони мутлақи Осиё даст ёфт.

Дар сабқати занон миёни бузургсолон низ намояндаи Кореяи Шимолӣ Ри Хианг Ми бо касби ду медали тилло ва як нишони биринҷӣ қаҳрамони мутлақи Осиё гардид.

Дар сабқати наврасон Муҳаммад Наимов, варзишгари Тоҷикистон, бо касби ду медали тилло байни писарон ва Ри Ун Ҷонг (Кореяи Шимолӣ) бо касби се медали тилло миёни духтарон ба унвони қаҳрамони мутлақи Осиё мушарраф шуданд.
XS
SM
MD
LG