Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи «Балкан»-и Туркманистон ба Душанбе омад


Дастаи "Балкан" вориди Душанбе шуд

Дастаи «Балкан», қаҳрамони секаратаи Туркманистон, барои ширкат дар сабқати интихобии Ҷоми раиси АФК (Конфедератсияи футболи Осиё)-2012 ба Душанбе омад.

Дар сабқати гурӯҳи «С», ки аз 5-ум то 9-уми май дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе барпо мегардад, дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон, «Ал-Амарӣ»-и Фаластин ва «Балкан»-и Туркманистон ширкат меварзанд.

Ба иттилои маркази матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ҳайати дастаи «Балкан» 21 бозигар дохил аст. Ба даста мутахассиси 49-солаи турк Семих Ювакуран, собиқ ҳимоятгари «Фенербахче», «Галатасарай» ва мунтахаби Русия раҳбарӣ мекунад. Ӯ дар ин вазифа Александр Клименкоро, ки феълан сармураббии дастаи «Навбаҳор»-и Намангони Узбакистон мебошад, иваз кардааст.

Нахустин бозии “Балкан” бо тими “Ал-Амарӣ”-и Фаластин рӯзи 5-уми май баргузор мешавад. Футболбозони туркман дар Рӯзи Ғалаба – 9-уми май бо тими “Истиқлол”, қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон, рақобат хоҳанд кард. Пеш аз ин бозӣ футболбозони тоҷик рӯзи 7-уми май бо тими “Ал-Амарӣ” рӯбарӯ мешаванд.

Бар асоси низомномаи мусобиқа дастаҳое, ки дар гурӯҳ ҷойҳои якуму дувумро мегиранд, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми раиси АФК роҳ меёбанд.

Барои мухлисон тамошои бозиҳо пулакист. Нархи чиптаи даромад ба варзишгоҳ 10 сомонӣ буда, он ҳамчунин билети лотерея ба шумор меравад. Ба бозии лотерея ду мошини сабукрави тамғаи ВАЗ-21015, се скутер (дучарха) ва техникаи маишӣ гузошта мешаванд.

Мухлисон метавонанд чиптаҳоро аз кассаҳои Варзишгоҳи марказӣ ва шӯъбаҳои филиали букмекерии идораи «Формула успеха» бихаранд.

Ҷоми раиси АФК. Сабқати интихобӣ. Гурӯҳи «С»

Даври 1-ум
5-уми май (шанбе)

«Балкан» (Туркманистон) – «Ал-Амарӣ» (Фаластин)

Даври 2-юм
7-уми май (душанбе)

«Ал-Амарӣ» (Фаластин) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Даври 3-юм
9-уми май (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Балкан» (Туркманистон)

Ҳарсе бозӣ соати 16 ба вақти Душанбе оғоз меёбад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG