Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Ҷаҳонӣ ба кишоварзони тоҷик офарин гуфт


Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, бо шарофати рушди босуръати арсаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон, фақру камбизоатӣ дар деҳот камтар шудааст, аммо коҳиши фақр дар деҳот назар ба шаҳрҳо камтар аст. Ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ ҳоло 65 дар сади мардуми деҳоти Тоҷикистон қашшоқ ҳастанд, ки нисбат ба соли 1999 бисту се дар сад камтар аст. Ба гуфтаи муаллифони гузориш, рушди босуръати ин арса ва афзоиши истеҳсоли фаровардаҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон дар кӯтоҳмуддат ҳамчунон идома хоҳад кард, аммо дар сурати ислоҳоти номуносиб дар арсаи истифодаи замин ва пахтапарварӣ ва омилҳои берунӣ, ин раванд метавонад бозистад.
XS
SM
MD
LG