Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идлибро дирӯз 3 таркиш таккон додааст


Асароти яке аз таркишҳо дар Идлиб
Асароти яке аз таркишҳо дар Идлиб
Дидбони ҳуқуқи башари Сурия мегӯяд, дирӯз чанд соат баъд аз ду таркиш алайҳи идороти амниятӣ шаҳри Идлибро таркиши севум таккон дод. Таркишҳои Идлиб, бино ба хабарҳо, дастикам 20 кушта ба ҷо гузоштааст. САНО- хабаргузории давлатии Сурия гуфт, ду инфиҷори субҳи душанбе интиҳорӣ буда, мунҷар ба ҳалокати дастикам 8 нафар шуд. Мақомот масъулияти ҳамлаҳоро ба «террористҳо»-и мухолифи режими Башор Асад бор мекунанд. Матбуоти давлатӣ ҳамчунин дар бораи тирандозӣ алайҳи Бонки марказии Сурия ва як ҳайъати пулис дар пойтахт –Димишқ ва ҷароҳат бардоштани 4 афсари пулис хабар дод. Хушунатҳои ахир дар ҳолест, ки дар Сурия тибқи тарҳи сулҳи фиристодаи СММ Куфӣ Анон ҳанӯз 2 ҳафта пеш оташбас эълон шуда буд.
XS
SM
MD
LG