Ба иттилои маркази матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, бурдҳои олӣ - мошинҳо дар бозиҳои қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон “Истиқлол” бо «Ал-Амарӣ» (7-уми май) ва «Балкан» (9-уми май) ба бозии лотерея гузошта мешаванд.
Мухлисони хушиқбол, ки билеташон бурд мекунад, бо мошини нави ВАЗ-21015, инчунин, скутер (дучарха) ва техникаи маишӣ варзишгоҳро тарк мекунанд.
Барои мухлисон тамошои бозиҳо пулакист. Нархи чиптаи даромад ба варзишгоҳ 10 сомонӣ буда, он ҳамчунин билети лотерея ба шумор меравад. Мухлисон метавонанд чиптаҳоро аз кассаҳои Варзишгоҳи марказӣ ва шӯъбаҳои филиали букмекерии идораи «Формула успеха» бихаранд.
Сарпарасти кулли сабқати интихобии Ҷоми раиси АФК дар Душанбе Ширкати мобилии TCELL мебошад.
Ҷоми раиси АФК. Сабқати интихобӣ. Гурӯҳи «С»
Даври 1-ум
5-уми май (шанбе)
«Балкан» (Туркманистон) – «Ал-Амарӣ» (Фаластин)
Даври 2-юм
7-уми май (душанбе)
«Ал-Амарӣ» (Фаластин) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
Даври 3-юм
9-уми май (чоршанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Балкан» (Туркманистон)
Ҳарсе бозӣ соати 16 ба вақти Душанбе оғоз меёбад.