Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар 4 сол дар дунё 50 миллион ҷои кор аз байн рафт


Идораи шуғли СММ аз “авоқиби харобиовар”-и барномаҳои зиддибуҳронии кишварҳо барои таъсиси ҷойҳои кор ҳушдор дод. Созмони байналмилалии кор дар гузориши солонааш, ки имрӯз нашр шуд, мегӯяд, агар коҳиши хароҷот ба рушди иқтисод наорад, барои эъмори эътимод ва коҳиши каср низ беасар аст. Бино ба ин гузориш, дар паи буҳрони молии соли 2008 дар ҷаҳон ҳудуди 50 миллион ҷои кор аз байн рафта, шумори бекорон имсол аз 200 миллион нафар мегузарад ва соли оянда ба ин шумор боз 5 миллион нафари дигар афзуда хоҳанд шуд. Созмони ҷаҳонии кор Аврупоро мояи нигаронӣ медонад, чунки дар 2 соли охир аз се ду ҳиссаи кишварҳои ин қора ба афзоиши мизони бекорӣ рӯбарӯ шудаанд.
XS
SM
MD
LG