Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар Вардак мунҷар ба ҳалокати 10 нафар шуд


Баъд аз ҳамла ба муассисаҳои ҳукуматии Қандаҳор
Баъд аз ҳамла ба муассисаҳои ҳукуматии Қандаҳор
Дар вилояти Вардак, воқеъ дар шарқи Афғонистон, бар асари таркишҳо даҳ нафар ба ҳалокат расиданд. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, кушташудагон – кормандони як ниҳоди худдифоянд, ки аз ҳукумат пуштибонӣ мекунад.

Масъулияти таркишҳоро толибон бар дӯш гирифтанд. Аз ин пеш намояндаи “Толибон” Қорӣ Юсуф Аҳмадӣ гуфт, ки ҳамла ба муассисаҳои ҳукуматӣ ва қароргоҳи волии Қандаҳори Афғонистонро низ ҷангҷӯёни ин ҷунбиш анҷом додаанд.

Ҷангҷӯён дар минтақае, ки он ҷо муассисаҳои ҳукуматӣ, аз ҷумла, қароргоҳи волӣ ҷойгиранд, бо нерӯҳои амниятӣ вориди даргирӣ шуданд. Дар задухӯрд, ки ним соат идома кард, ду маргталаби эҳтимолӣ ва ду корманди хадамоти амниятии Афғонистон ба ҳалокат расидаанд.

Мақомоти Қандаҳор гуфтанд, ки ҷангҷӯён бо худ “камарбанди шаҳид”, норинҷак ва силоҳ доштанд. Ба нафаре аз кормандони ҳукумати Қандаҳор осеб нарасидааст.
XS
SM
MD
LG