Ӯ дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб дар риштаи пауэрлифтинг (вазнабардорӣ) дар рақобатҳо дар вазни 75 кг бо натиҷаи 195 кило мақоми дувумро касб кард ва соҳиби роҳхат ба Паралимпиадаи Лондон гардид. Ин натиҷа ба ӯ имкон дод, ки мавқеашро дар рейтинг ё феҳристи ҷаҳонӣ дар мақоми чаҳорум мустаҳкам намояд.
Бозиҳои XIV-и паралимпӣ аз 29-уми август то 9-уми сентябри соли равон дар Лондон доир хоҳанд шуд. Ба барномаи Паралимиада 20 намуди варзиш шомил аст, аз ҷумла варзишгарони маълул дар навъи пауэрлифтинг барои 20 маҷмӯи медалҳо мубориза мебаранд.
Парвиз Одинаев барои бори дувум ба Паралимпиада роҳхат гирифтааст. Ӯ аввалин бор соли 2004-ум дар Бозиҳои паралимпӣ дар Афинаи Юнон ширкат карда буд.
Меҳмони барномаи “Ҷаҳони варзиши”-и радиои Озодӣ Парвиз Одинаев мегӯяд, “ман барои дарёфти роҳхати олимпӣ кӯшиши зиёд кардам ва бовар доштам, ки ба натиҷаи мусбат ноил мешавам. Муваффақияти ман ба устодам Толеъ Холназаров бастагӣ дорад, ки аз ӯ муташаккирам. Ман ба Бозиҳои паралимпӣ дар Лондон хуб омодагӣ мебинам ва умедворам, ки муваффақ мешавам.”
Парвиз Одинаев соли 1982 дар шаҳри Душанбе дар оилаи табибон ба дунё омадааст. Падару модараш духтурони ҷарроҳ мебошанд. Парвиз донишҷӯи соли чаҳоруми факултаи молияву қарзи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон аст. Ӯ дар синни сесолагӣ ба бемории полиомиелит (шал) гирифтор шудааст. Аз синни 7-солагӣ ба гимнастика ва аз 14-солагӣ ба вазнабардорӣ (пауэрлифтинг) таҳти раҳбарии мураббиаш Толеъ Холназаров, қаҳрамони ҷаҳон ва Осиё, машғул аст. Ба гуфтаи Парвиз ба ғайр аз варзиш, китобхониву расмкашӣ шуғлҳои дӯстдоштааш маҳсуб мешаванд.
Зимни сӯҳбат бо мо Парвиз иброз дошт, ки барои ба пауэрлифтинг машғул шудан ғизои махсуси серкалория бояд истеъмол кард, вале нархи он хеле гарон аст. Бинобар ин ӯ ба кӯмаки молӣ ё сарпараст ниёз дорад.
Сӯҳбати муфассали хабарнигори радиои Озодӣ бо Парвиз Одинаев ба таваҷҷӯҳи шумо пешкаш мешавад:
Чанд акси Парвиз Одинаев дар сафҳаи "Озодӣ" дар Фейсбук ҳам таваҷҷӯҳи бештари корбарони ин шабакаро ба худ ҷалб кардааст. Диловар Дилдорзода дар пайи ин аксҳо гуфтааст, "барои ноил гаштан ба чунин натиҷа иродаи қавӣ ва заҳмати зиёд лозим аст. Ман ба иродаи Шумо ва рӯҳи қавие, ки доред, офарин мегӯям."
Хилватшоҳи Маҳмуд ҳам навиштааст, "ба Парвизи азиз, ки шишаи номуси миллат дар бағал ва ливои кишвар дар даст дорад, дуо мекунем: Худо пирӯзӣ ва шаҳди ғалабаро насибат гардонад, ба қуллаи мурод бирасӣ!"