Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози мусобиқаи қаҳрамонии таэквондои Осиё дар Душанбе


Имрӯз, 27-уми апрел, дар Душанбе, дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон, мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар риштаи таэквондо ITF шурӯъ шуд, ки се рӯз идома хоҳад кард.

Макони сабқати қаҳрамонии қитъавӣ интихоб шудани пойтахти Тоҷикистон эътирофи дастовардҳои бузурги варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳониву байналмилалӣ дар ин намуди варзиш аст.

Мирсаид Яҳёев, раиси Федератсияи таэквондо ITF-и Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “ин намуди варзиш дар кишвари мо баъди таъсиси Федератсияи миллӣ аз соли 1992 роҳандозӣ шудааст. Дар тӯли 20 соли фаъолияти федератсия варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ ширкат карда, ба дастовардҳои бузург мушарраф шудаанд. Дар ин муддат 30 нафар (12 варзишгари калонсол ва 18 варзишгари наврасу ҷавон) ба унвони баланди қаҳрамони ҷаҳон даст ёфтаанд. Инчунин варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё борҳо соҳиби ҷоизаҳои олӣ гардидаанд.”

Ҷаноби Яҳёев афзуд, “дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Душанбе дастаҳои мунтахаби 17 кишвари қора ширкат доранд. Рақибони аслии мо дар ин мусобиқа ба мисли сабқати ҷаҳонӣ дастаҳои мунтахаби Кореяи Шимолӣ ва Русия мебошанд.”

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, рӯзи 26-уми апрел меҳмонони воломақоми мусобиқаи қаҳрамонии Осиё - президенти Федератсияи байналмилалии таэквондо, узви Кумитаи байналмилалии олимпӣ профессор Чанг Унг ва раиси Федератсияи таэквондои Осиё Ким Кёнг Хуроро ба ҳузур пазируфт.

Ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе, дар ҷараёни ин мулоқот ҷаноби Убайдуллоев изҳори умедворӣ кард, ки ин чорабинӣ ба баландшавии сатҳи мусобиқоти варзишӣ дар кишвар, минҷумла дар пойтахти ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард.

Ӯ афзуд, бо ибтикори раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди варзиш дар кишвар ва ба ин васила ба роҳ мондани тарзи ҳаёти солим, иншооти гуногуни варзишӣ, ки ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯянд, сохта мешавад.

Чанг Унг, дар навбати худ, таъкид кард, ки шогирдони Федератсияи миллии таэквондо ва кикбоксинги Тоҷикистон дар ин навъи варзиш имрӯз дар ҷаҳон аз ҷумлаи беҳтаринҳоянд. Ӯ иброз дошт, ки барои минбаъд ҳам дар Душанбе гузаронидани мусобиқоти сатҳи ҷаҳонӣ ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.

Барномаи мусобиқаи 6-уми қаҳрамонии Осиё оид ба
таэквондо ITF дар шаҳри Душанбе:

27-уми апрел
Соати 9 - 11 , машқҳои маҷмӯии фардӣ
Соати 11, машқҳои маҷмӯии дастаӣ
Соати 12, дифоъ аз худ
Соати 13 - 14, танаффус
Соати 14 - 15, маросими кушоиши мусобиқа
Соати 15, идомаи мусобиқа
Соати 15.30, спарринг миёни наврасони 14-15 ва 16-17-сола
Соати 18 - 19, маросими мукофотсупорӣ

28-уми апрел
Соати 9, спарринг миёни наврасон ва бузургсолон, дараҷаҳои шахсӣ
Соати 13 – 14, танаффус
Соати14, идомаи мусобиқа
Соати 15.30, сабқати ниҳоӣ аз рӯи дараҷаҳои шахсӣ миёни наврасон ва бузургсолон
Соати 18 - 19, маросими мукофотсупорӣ

29-уми апрел
Соати 9, спарринги фардӣ дар ҳамаи вазнҳо
Соати 12, техникаи махсус миёни наврасон ва бузургсолон, мусобиқаи фардӣ ва дастаӣ
Соати 13 - 14, танаффус
Соати 14, шикастан бо зӯрӣ, мусобиқаи фардӣ ва дастаӣ
Соати 16, финал, спарринги дастаӣ
Соати 17, маросими мукофотсупорӣ ва пӯшидашавии мусобиқа.
XS
SM
MD
LG