“Оташи абадӣ”-и пойтахти Қирғизистон, Бишкек, ба иллати пардохт нашудани пули газ хомӯш карда шуд. Ширкати “Қирғизгаз” интиқоли газро ба ёдгории гиромидошти қурбониёни Ҷанги Ҷаҳонии Дувум қатъ кард ва мегӯяд, шаҳрдорӣ наздик ба 9,5 ҳазор доллари истифодаи газ барои ин ёдгориро насупурдааст. Ҳамзамон ин ширкат гуфтааст, бо вуҷуди ин омодааст, рӯзи Иди ғалаба, 9-уми май лулаи газро барои чанд соат боз кунад. Гуфта мешавад, “Оташи абадӣ” пештар низ ба иллати пардохт нашудани харҷи газ борҳо хомӯш гаштааст.