Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Молдова сафирашро аз Русия фаро хонд


Молдова сафири худ дар Русияро баъд аз он ки ӯ аз идомаи ҳузури нерӯҳои Русия дар минтақаи ҷудоиталаби Соҳили Днестри Молдова тарафдорӣ кард, бозпас хонд. Андрей Негута рӯзи 9-уми апрел ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфт, ҳуруҷи 1500 сарбози рус аз ин минтақа Молдова ва минтақаро ноором хоҳад кард. Вазири умури хориҷии Молдова ин изҳоротро “бадбахтӣ” номид ва сарвазири Молдова гуфт, дар Русия сафири наверо таъин хоҳад кард, ки аз манофеъ ва номуси Молдова намояндагӣ кунад. Негута дар соли 2009 аз тарафи ҳукумати коммунисти президент Владимир Воронин сафир таъин шудааст.
XS
SM
MD
LG