Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як шаҳрванди Тоҷикистон дар селоб


Cел боиси ҳалокати як шаҳрванди Тоҷикистон ва вайронии зиёда аз 40 хона дар ҷамоаи Косатароши ноҳияи Панҷекат шуд. Ҷавони 20-сола, ки молбонӣ мекард, натавонист, худ ва чорворо аз маҷрои обугил наҷот диҳад. Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон аз тахриби манзил ва биноҳо маъмурӣ дар навоҳии Варзоб, Конибодом ва Ғончӣ хабар додаанд. Аз моҳи январ то ҳоло дар офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон 14 нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG