Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як сарбози гурҷӣ дар Афғонистон


Низомиёни гурҷӣ дар Афғонистон
Низомиёни гурҷӣ дар Афғонистон
Бар асари инфиҷори майни рӯи раҳ дар вилояти Ҳилманди Афғонистон як сарбози гурҷӣ ба ҳалокат расид. Дар ин бора вазорати дифои Гурҷистон хабар дода, афзудааст, ки теъдоди низомиёни дар Афғонистон ҷонбохтаи кишвар ба 16 нафар расид.

Дар ҳайати нерӯҳои байнулмилалии зери фармони НАТО 800 низомӣ аз Гурҷистон алайҳи “Толибон” меҷанганд. Моҳи декабри соли гузашта парлумони Гурҷистон барои фиристодани нерӯҳои иловагӣ ба Афғонистон тасмим гирифт ва қарор аст, ки теъдоди афсарону сарбозони гурҷӣ дар ин минтақаи доғ ду баробар афзоиш ёбад.

Авоили моҳ Дабири Кулли НАТО Андерс фог Расмуссен Гурҷистонро “ҳампаймони намунавӣ” номид ва аммо гуфт, ки роҳи ин кишвар барои вуруд ба Паймон ҳанӯз тулонӣ аст.
XS
SM
MD
LG