Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши кӯмакҳои башарии СММ ба мардуми Сурия


Созмони Милал мегӯяд, дар ҳафтаҳои наздик ба 500 000 нафар дар Сурия кӯмакҳои башарӣ мефиристад, ки назар ба моҳи декабр 10 баробар бештар аст. Барномаи хӯроквории Созмони Милал гуфт, он бештар ба манотиқе тамаркуз хоҳад кард, ки аз низои Сурия зарба дидаанд. Гуфта мешавад, як бахши ёриҳо ба паноҳандагони сурёнӣ дар Туркия ва Урдун равона хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки ба иллати даргириҳо ва хушксол наздик ба якуним миллион нафар дар Сурия мӯҳтоҷи ёрӣ мебошанд.
XS
SM
MD
LG