Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаррифии тарҳи паймон дар парлумони Афғонистон


 Рангин Додфар Спанто
Рангин Додфар Спанто
Мақомоти аршади Афғонистон имрӯз тарҳи ниҳоишудаи паймони Кобулу Вошингтон дар мавриди кумакҳои ояндаи Амрикоро ба парлумон муаррифӣ карданд. Вазири хориҷа Залмай Расул дар маҷлиси болоӣ ва мушовири амнияти миллӣ Рангин Додфар Спанто дар маҷлиси поёнии парлумони Афғонистон суханронӣ карданд. Спанто баъди иҷлоси парлумон гуфт, ин паймон имкон хоҳад дод, то Афғонистон "рӯи поҳои худ истод шавад."
Тарҳи ниҳоии Қарордоди мушорикати стротегиро дирӯз Спанто ва сафири Амрико дар Кобул Раян Крокер расмӣ карданд. Ин паймон, ки шароити ҳамкориҳои ғайринизомӣ бо Амрико баъди хуруҷи эътилоф дар соли 2014-ро таъйин мекунад, бояд акнун аз сӯи ҳарду маҷлиси парлумон тасвиб шавад. Шароити ҳузури низомии Амрико дар як қарордоди алоҳида мушаххас хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG