Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Бан Ки-мун дар таҷлил аз Рӯзи Замин гуфт, ҷаҳон дар 20 соли оянда ба хӯрок, энержӣ, об ва шуғли бештар ниёз хоҳад дошт. Вай конфаронси Созмони Милал дар масъалаи рушди давомдорро, ки бояд дар моҳи июн дар Рио де Жанейрои Бразил баргузор шавад, имконияте барои ҷаҳон дар идроки аҳамияти ҳифзи муҳити зист ва пешрафти устувор номид. Дар рӯзи Замин дар саросари ҷаҳон филми мустанади “Як рӯз дар рӯйи Замин” ба намоиш даромад.
Бан Ки-мун: Ниёз ба хӯрок, энержӣ, об ва шуғл хоҳад афзуд
