Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкат дар интихоботи Фаронса фаъол арзёбӣ мешавад


Бо наздик шудани поёни интихоботи раёсати ҷумҳурии Фаронса гузориш мешавад, ки райдиҳӣ дар даври аввали интихобот фаъол будааст. Вазорати корҳои дохилаи Фаронса гузориш додааст, ки бештар аз чаҳоряки 44 миллион афроди қобили рай то нисфирӯзӣ дар райдиҳӣ ширкат кардаанд. Ин интихобот имтиҳони ҷиддӣ барои Никола Саркозӣ-раиси ҷумҳури кунунӣ ба шумор меравад. Дар интихобот 10 номзад ширкат мекунанд ва ба эҳтимоли зиёд он ба даври дуввум кашонда мешавад. Мумкин аст Никола Саркозӣ ва Франсуа Ҳолланд-номзади сотсиалистҳо ба даври дуввуми интихобот роҳ ёбанд.
XS
SM
MD
LG