Дар сӯҳбат ба «Радиои Озодӣ» хонум Тошматова гуфт, ӯ аз сӯи як ҳамсояаш латукӯб ва маъиб шуда ва дар ин маврид тамоми ҳуҷҷатҳои лозимиро дорад, аммо мақомот дар вилояти Суғд ба доди ӯ нарасидаанд. Вай афзуд, баҳси ӯ бо ҳамсояаш баҳси манзил аст ва ҳамсояаш мехоҳад манзилеро, ки ӯ зиндагӣ мекунад, аз худ намояд.
Ба қавли ӯ, бо тақозои Матлубхон Давлатов, мақомоти тафтишотӣ ҳарфи ӯро шунидаанд ва бояд имрӯз посух бигӯянд. Дар акси ҳол, ӯ тасмим гирифтааст, пойандозеро дар рӯбарӯи Қасри раисҷумҳур паҳн мекунаду шабурӯзро онҷо сипарӣ менамояд.