Пайвандҳои дастрасӣ

Ниммарафони байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт


21-уми апрел бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон ниммарафони байналмилалӣ баргузор хоҳад шуд.

Ба иттилои Дилшод Қурбонов, сардори раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, дар ин ниммарафон, ки барои бори севум бо тасмими раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев доир мешавад, варзишгарони хориҷӣ аз 14 бародаршаҳри Душанбе, инчунин, давандагон аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон (мардону занони синнашон аз 18-сола боло) ширкат хоҳанд кард.

Ниммарафон, ки масофаи 21 километру 97 метрро дарбар мегирад, аз рӯи масири дав – Наврӯзгоҳи Душанбе – хиёбони Ҳофизи Шерозӣ – маҳаллаи Хоҷамбиё – дидбонгоҳи Чорбоғ – хиёбони Рӯдакӣ – майдони “Дӯстӣ” (назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ) барпо мегардад. Пойга соати 10-и пагоҳӣ оғоз меёбад.

Ба гуфтаи ҷаноби Қурбонов ба ғолибони пойга миёни мардону занон мукофотпулӣ ба маблағи 3,5 ҳазор доллари амрикоӣ супурда хоҳад шуд. Ҳамчунин варзишгароне, ки ҷойҳои аз 2-юм то 6-умро мегиранд, бо мукофоти пулӣ сарфароз мешаванд: ҷойҳои 2-юм – 3000-долларӣ, 3-юм – 2500-долларӣ, 4-ум – 2000-долларӣ, 5-ум – 1800-долларӣ ва 6-ум – 1500-долларӣ.

Ҷаноби Қурбонов, ҳамчунин, иттилоъ дод, ки дар доираи чорабинӣ ҳамзамон пойга миёни бачаҳои синни аз 8 то 10-сола ба масофаи 3 км, аз 10 то 12-сола ба масофаи 5 км ва аз 12 то 15-сола ба масофаи 8 км барпо мегардад ва ғолибони мусобиқа бо тӯҳфаҳои шаҳрдории Душанбе сарфароз мешаванд.

Инчунин рӯзи 26-28-уми апрел бахшида ба Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба таэквон-до ITF бо ширкати зӯртарин варзишгарони қора баргузор хоҳад шуд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG