Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фирори тоҷикистониҳо аз боздоштгоҳи муваққати Санкт-Петербург


Хабаргузориҳои русӣ мегӯянд, ки рӯзи якшанбе аз Маркази нигаҳдории муваққати шаҳрвандони хориҷӣ, ки марбут ба Вазорати умури дохилаи шаҳру вилояти Санкт-Петербург аст, 11 нафар, аз ҷумла ҳафт шаҳрванди Ӯзбакистон ва чор шаҳрванди Тоҷикистон фирор карданд. Полис гуфтааст, ки хориҷиҳо қулфи дарро шикаста, ба ходимони полис муқовимат нишон дода фирор карданд. Маҳалли буду боши онҳо номаълум аст. Ин нафарон бо гуноҳи вайрон кардани муқаррароти буду бош дар Русия дар ин марказ нигаҳдорӣ мешуданд. Ҷустуҷӯи ин афрод шурӯъ шудааст.
Дар хабари дигар гуфта мешавад, ки ҳавопаймои масири Челябинск-Душанбе даҳ шаҳрванди Тоҷикистонро, ки чун муҳоҷирони ғайриқонунӣ муаррифӣ шудаанд, ба ватан истирдод мешаванд. Модаре бо панҷ кӯдак ва марде бо писараш, ки чун лӯлиҳои Тоҷикистон ном бурда шудаанд, барои вайрон кардани қоидаи буду бош дар Русия гунаҳгор дониста шуданд. Аз оғози соли ҷорӣ танҳо дар вилояти Челябинск бо ин иттиҳом 28 шаҳрванди хориҷӣ, ки аксарашон тоҷикистонӣ мебошанд, ба ватани худ истирдод шудаанд, мегӯяд полис.
XS
SM
MD
LG