Ба иттилои Федеросиюни каратэ-дои ҷумҳурӣ дар ин сабқати ҷаҳонӣ, ки бо ширкати беш аз 2000 варзишгар аз 23 кишвар баргузор шуд, Тоҷикистонро 11 варзишгар (5 духтару 6 писар), як мураббӣ ва як довар намояндагӣ карданд.
Дар сабқати духтарон Гулосори Сӯҳроб дар вазни 50 кг ва дар сабқати писарон Сӯҳроб Юсуфов (миёни наврасони 16-17-сола) ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд.
Варзишгарони дигари тоҷик - Шаҳбоз Бӯриев ва Фахриддин Расулов, ки ҷойҳои дувумро касб карданд, бо медалҳои нуқра сарфароз гаштанд. Ҳафт нафари дигар медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.