Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи бозиҳои санҷишии футболбозони тоҷик


Дастаҳои футболи лигаи олии Тоҷикистон дар доираи омодагиҳо ба мусобиқаи қаҳрамонии кишвар, ки 7-уми апрел оғоз меёбад, бозиҳои санҷишӣ анҷом доданд.

Натоиҷи бозиҳо чунин аст:

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) - «Равшан» (Кӯлоб) - 2:3
Голҳои «Равшан»-ро Нӯъмонҷон Ҳакимов, Маъруф Рустамов ва Бахтиёр Ҳасанов заданд. Ду голи мизбононро Мансур Ҳакимов ва Нодир Маъмиров ба самар расонданд.

«Хуҷанд» (Хуҷанд) - «Равшан» (Кӯлоб) - 2:3
Ҳарсе голро футболбозони “Равшан” дар нимаи аввали бозӣ ба ҳадаф расонданд: Индус Ҳусейнов – 2 гол, Нӯъмонҷон Ҳакимов (аз пеналти). Ду голи “Хуҷанд”-ро Ҷомихон Муҳиддинов ва Пирмурод Бурҳонов (аз пеналти) дар нимаи дувум заданд.

Қабл аз ин бозиҳо "Равшан" дар меҳмонӣ тими "Қайроққум"-ро бо ҳисоби 5:2 шикаст дода буд.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа) - «Хайр» (Ваҳдат) - 2:1
Голҳо: Камолҷон Ортиқов (дақиқаи 27-ум, “Вахш”), Акмал Авазов (65, «Хайр»), Комрони Мирзохон (82, “Вахш”).

«Истаравшан» (Истаравшан) - «Парвоз» - 3:3
Ба ду голи Мансур Ҳакимов ва як голи Нодир Маъмиров, истаравшаниҳо - Шӯҳрат Шамсиев, Шариф Зиёев ва Беҳрӯз Сангинов бо се гол ҷавоб доданд.

«Энергетик» (Душанбе) - «Зарафшон» (Панҷакент) - 5:0
Шодибек Гаффоров ду гол, Абдулло Саидов, Некрӯз Пирхонов ва Фелик Бафое (легионер аз Гана) якголӣ ба самар расонданд.

«Энергетик» - ССКА “Помир” (Душанбе) - 0:1
Голи ССКА “Помир”-ро легионери укроинӣ Виктор Станенко ба ҳадаф расонд.

ССКА “Помир” 30-юми март дар варзишгоҳи "Автомобилист"-и пойтахти кишвар бо “Истиқлол”-и Душанбе қувваозмоӣ кард. Ҳисоб: 1-1. Ҳисобро Дилшод Восиев, нимҳимоятгари "Истиқлол" дар дақиқаи 61-ум кушод. Баъд аз 16 дақиқа бозигари ССКА "Помир" Воҳид Бобоев аз ҷаримаи 11-метра ҳисобро баробар намуд.

Дастаи "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода, ки ҷамъомади таълимиву тамриниро дар Туркия анҷом медиҳад, чор бозии санҷиширо бо чунин натиҷаҳо ба охир расонд:

«Тюмен» (Русия, дивизиони дувум) – «Регар-ТадАЗ» – 3:1
Голҳо: Шляков, Андреев, Баранов (ҳарсе “Тюмен”) – Ҷамшед Исмоилов “Регар-ТадАЗ”).

«Остона-1964» (Қазоқистон, дивизиони якум) - «Регар-ТадАЗ» - 1:2
Голҳо: Ибраев, 8 (“Остона-1964”), Комил Саидов, 19, Виктор Лиховидко, 20 (ҳарду “Регар-ТадАЗ”). Тӯби аз пеналти задаи Илҳомҷон Ортиқов дар дақиқаи 52-юм ба тири дарвоза зад.

«Октан» (Перм, Русия, дивизиони дувум) – «Регар-ТадАЗ» – 1:0
Гол: Алексей Горелов, 63.

"Регар-ТадАЗ" - "Городея" (Беларус) - 1:3. Ба се голи футболбозони Беларус дар дақиқаи охирини бозӣ Аскар Равшанов бо як гол ҷавоб дод.
XS
SM
MD
LG