Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақвими бозиҳои “Истиқлол” дар Ҷоми раиси AFC-2012


Бозиҳои сабқати интихобии Ҷоми раиси AFC-2012 дар гурӯҳи «С” бо ширкати дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, аз 5-ум то 9-уми май дар Варзишгоҳи марказии Душанбе ва варзишгоҳи «Металлург»-и Турсунзода баргузор мешаванд.

Сабқати интихобии Ҷоми раиси AFC дар гурӯҳи «С» рӯзи 5-уми май дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо бозии дастаҳои «Балкан»-и Туркманистон ва «Ал-Аморӣ»-и Фаластин соати 13 оғоз меёбад.

Дар ин рӯз соати 16 дар варзишгоҳи «Металлург»-и Турсунзода дастаҳои «Истиқлол» ва СК «Ратнам»-и Шри-Ланка вориди рақобат хоҳанд шуд.

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дувумро мегиранд, ба плей-офф ё даври баъдии Ҷоми раиси AFC, ки тирамоҳи соли равон баргузор мешавад, роҳ меёбанд. Дар ин ҷо шаш даста ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд ва ғолибони гурӯҳҳо барои Ҷом талош хоҳанд кард.

Ҷоми президенти AFC-2012
Марҳилаи интихобӣ. Гурӯҳи «С»


Даври 1-ум
5-уми май (шанбе)

13.00 – «Балкан» (Туркманистон) – «Ал-Амарӣ» (Фаластин). Варзишгоҳи марказӣ, Душанбе
16.00«Истиқлол” (Тоҷикистон) – СК «Ратнам» (Шри-Ланка). Варзишгоҳи «Металлург», Турсунзода

Даври 2-юм
7-уми май (душанбе)

13.00 – СК «Ратнам» (Шри-Ланка) – «Балкан» (Туркманистон). Варзишгоҳи «Металлург», Турсунзода
16.00 – «Ал-Амарӣ» (Фаластин) – «Истиқлол” (Тоҷикистон). Варзишгоҳи марказӣ, Душанбе

Даври 3-юм
9-уми май (чоршанбе)

16.00 – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Балкан» (Туркманистон). Варзишгоҳи марказӣ, Душанбе
16.00 – «Ал-Амарӣ» (Фаластин) – СК «Ратнам» (Шри-Ланка). Варзишгоҳи «Металлург», Турсунзода

Тими «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон, порсол ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфта буд, вале дар марҳилаи ҳалкунанда дар Тайван аз сабқати гурӯҳӣ ба даври баъдӣ баромада натавонист.

Дастаи «Тайвань Пауэр Компани», ки соли гузашта дар бозии ниҳоӣ дар майдони худ бар тими «Пномпен»-и Камбоҷа бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад, барандаи феълии Ҷоми раиси AFC маҳсуб мешавад.

Ба ғолиби Ҷоми раиси АFC-2012 50 ҳазор доллар ва ба дастаи дар бозии ниҳоӣ мағлубшуда 25 ҳазор доллар супурда хоҳад шуд.

Бояд тазаккур дод, ки дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода се бор (солҳои 2005, 2008, 2009) ғолиби ин мусобиқот шудааст.
XS
SM
MD
LG