Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷилваи "Сакура" дар Душанбе


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ба иттилои масъулони вазорати хориҷии Тоҷикистон, ба зудӣ дар шаҳри Душанбе парк ё боғи Сакура бунёд хоҳад шуд

Бунёди ин боғ имкон хоҳад дод, то сокинону меҳмонон аз зебоиҳои ин навъи рустании ҷопонӣ баҳра баранд. Ин аст, ки сафорати Тоҷикистон дар Ҷопон ба Душанбе 250 ниҳоли думетраи чаҳор намуди Сакураро фиристодааст.

Давлат Назриев, сӯхангӯи вазорати хориҷии Тоҷикистон ба РО гуфт, «ин иқдом ба муносибати 20-солагии барқарории равобити дипломатӣ миёни Ҷопон ва Тоҷикистон ва ҷашни байналмилалии Наврӯз рӯи даст гирифта шудааст.»

Сакура символи машҳури Ҷопон ва фарҳанги ҷопонӣ аст ва рамзи зебоии занону бонувони ин кишвар маҳсуб меёбад. Ҳатто Сакура болои 100 юенӣ, пули миллии Ҷопон ифода ёфтааст.

Ҳамасола 27-уми март дар Ҷопон ба унвони «Ҷашни ҷилваи Сакура» таҷлил мешавад ва ҷопониҳо ин идро он ҳангом ҷашн мегиранд, ки Сакура мешукуфад ва ҷило медиҳад.

Дар ҳоле, ки бунёди боғи Сакура дар шаҳри Душанбе ба ҳусни пойтахти Тоҷикистон зебогии дигареро зам хоҳад кард, ҷониби Тоҷикистон низ дар иваз ба Ҷопон ниҳолу дарахтони зардолуро фиристодааст, ки дар яке аз префектураи Ҷопон шинонда хоҳад шуд.

Интизор меравад, оянда равобити фарҳангӣ миёни шаҳри Қурғонтеппа бо ин префектураи Ҷопон густариши бештаре касб кунад.

Равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷопон дар соли 1992 оғоз шуд ва то кунун равобиту ҳамкориҳои ҳар ду кишвар дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ идома дорад. Ҷониби Ҷопон тавассути Оҷонси ҳамкориҳои байналмилалии хеш даҳҳо тарҳро дар бахшҳои маорифу тандурустӣ ва илмиву фарҳангии Тоҷикистон мавриди иҷро гузоштааст.

Бо вуҷуди иҷрои лоиҳаҳои кӯчаку миёна, то ҳол Ҷопон дар иқтисоди Тоҷикистон тарҳи вижаро сармоягузорӣ накардааст. Аммо бештари кӯмакҳое, ки Ҷопон ба бахшҳои мухталифи идтисод ва иҷтимои Тоҷикистон мекунад, ба таври кӯмаки билоиваз аст.
XS
SM
MD
LG