Ба иттилои Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдори Душанбе, чорабиниҳои идона ба муносибати Наврӯз дар сатҳи шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт ҷараён дорад, ки сокинон бо оростани дастурхони идона суннату ойинҳои наврӯзиро ба маърази тамошо мегузоранд.
Аммо имрӯз таҷлили расмии Наврӯзро сокинони шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ба амал овардаанд, ки бо барномаи идонаи фарҳангӣ ва театрикунонидашуда бо ҳузури ҳунармандону овозхонони варзидаи кишвар дар маркази ин шаҳри бостонӣ ҷараён дорад.
Он гуна, ки хабарнигори Радиои Озодӣ Мӯъмин Аҳмадӣ дар Кӯлоб хабар дод, кӯчаву хиёбонҳо ва гулгаштҳо ба муносибати ҷашни фархундаи наврӯз қабои идона бар бар карда ва мардум бо нияту орзуҳои нек ба таҷлили соли нави аҷдодӣ пардохтаанд.
Ба гуфтаи вай, аҳли ҷамоатчигии Кӯлоб дар базмгоҳи наврӯзӣ ҷамъ омада ва бо муаррифии суннату оинҳои миллии наврӯзӣ ин иди бостонро бо суруру шодмонӣ таҷлил доранд.
Баргузории мусобиқаҳои варзишӣ аз оини Наврӯз аст ва ба ин хотир дар шаҳри Турсунзода, мусобиқаи паҳлавонии гуштингирӣ оғоз шуда, дар ин чорабинӣ на танҳо паҳлавонони тоҷик, балки беҳтарин гуштингирон аз кишвари ҳамсояи Узбакистон низ ширкат доранд.
Ба иттилои дастандаркорони ин мусобиқа барои ғолибон мукофотҳои қиматбаҳо, аз ҷумла худравҳо дар назар гирифта шудааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи 23-юми март низ Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе паҳлавонону гуштингиронро гирди ҳам меорад. Дар ин мусобиқаи кушоди гуштини миллӣ, паҳлавононро туҳфаҳои арзанда, ба хусус худравҳои тамғаи хориҷӣ интизор хоҳад буд.
Таҷлили расмии иди Наврӯз дар Тоҷикистон аз рӯзи 21-уми март шурӯъ шуда, то 27-уми март, яъне шаш рӯз идома пайдо мекунад.