Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврӯзи сарди Душанбе


Наврӯз дар Душанбе (21-уми марти соли 2012)
Наврӯз дар Душанбе (21-уми марти соли 2012)

Дар Тоҷикистон бо вуҷуди сардии рӯзҳои ахир, таҷлили ҷашни Наврӯз - ҷашни баҳор ва фарорасии соли нав бо шукӯҳу шаҳомат идома дорад.

Душанбе-пойтахти Тоҷикистон дар соати 24:00-и бистуми март аз ҳулули Наврӯз бо фейерверк ё оташбозӣ дар Майдони Дӯстии Халқҳо истиқбол кард.

Давлати Тоҷикистон имсол барои таҷлил аз Наврӯзи байнулмилалӣ расман шаш рӯзи таътил муқаррар кардааст. Рӯзҳои таътил аз рӯзи 21-уми март оғоз ёфт ва дар сартосари кишвар намоишу ҳунарнамоиву консертҳо, мусобиқаҳои варзиши миллӣ ва мусобиқаҳои аспдавониву бузкашӣ сурат мегирад.

Шаҳрдории Душанбе низ ба истиқболи Наврӯзи байнулмилалии соли 2012 ҷадвали баргузории маросимҳои ҷашниро мунташир кардааст.

Давоми рӯзҳои 20 ва 21-уми март намоишҳои русуми Наврӯзӣ ва барномаҳои ҳунарӣ дар Боғи Ирам, Боғи Ғалаба, майдони 800-солагии Москва, Боғи Дӯстии Халқҳо баргузор шуданд.

Рӯзи 23-юми март мусобиқаи гӯштии миллӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе ва рӯзи 25-уми март намоиши фарҳангии "Ошёни Наврӯз" ва дар фарҷоми он баргузории фейрверк ё оташпаронии рӯзона дар "Наврӯзгоҳи пойтахт" низ дар назар аст.

Навор аз таҷлили Наврӯзи имсола дар Душанбе

Наврӯзи сарди Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:13 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG