Марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё аз 1-ум то 13-уми октябри соли 2013 баргузор хоҳад шуд. Тимҳои мунтахаби Ҷопон, Кореяи Шимолӣ, Чин ва Австралия, ки дар мусобиқаи пешин натоиҷи баланд ба даст овардаанд, муборизаро аз марҳилаи ниҳоӣ шурӯъ мекунанд. Дастаи охирини мусобиқаи гузашта – мунтахаби Вйетнам, инчунин, дастаи дувуми сабқати интихобӣ - Тайланд ба мубориза аз даври дувум ҳамроҳ мешаванд.
Дувоздаҳ дастаи дигар маҷбуранд, ки барои ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфтан мусобиқаро аз даври пешакӣ оғоз намоянд. Бозиҳои даври пешакӣ аз 19-ум то 28-уми октябри соли 2012 барпо мегарданд.
Баъдан дастаҳои беҳтарин ба даври интихобӣ, ки аз 1-ум то 13-уми декабри соли равон баргузор мешавад, роҳ меёбанд. Бар асоси муқаррароти мусобиқа, танҳо дастаи ғолиб ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё роҳхат мегирад.
Ду дастаи беҳтарини ҳар як гурӯҳ ба даври интихобӣ роҳ дода мешавад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо тимҳои Урдун, Эрон ва Фаластин рақобат хоҳад кард. Бозиҳо дар пойтахти Урдун – шаҳри Уммон баргузор хоҳанд шуд.
Даври пешакӣ
Гурӯҳи «А»: Ҳиндустон, Узбакистон, Қирғизистон, Бангладеш.
Гурӯҳи «В»: Урдун, Эрон, Тоҷикистон, Фаластин.
Гурӯҳи «С»: Тайван, Мянмар, Филиппин ва Ҳонконг.