Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистону Корея -- муддаиёни Ҷоми даъвати AFC


Дастаҳои мунтахаби Туркманистон ва Кореяи Шимолӣ ба бозии ниҳоии Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё-2012 роҳ ёфтанд.

Футболбозони туркман дар бозии ниманиҳоӣ дар Непал бар тими миллии Филиппин бо ҳисоби 2:1 ғолиб омаданд.

Филипп Янгҳусбанд, ҳамлагари тими Филиппин, дар дақиқаи 25-ум ҳисобро боз кард. Бозигарони дастаи Туркманистон – Арслонмурод Амонов (дақиқаи 81-ум) ва Қаҳрамонбердӣ Ҷонкаев (86) дар нимаи дувуми дидор ду гол ба самар расонданд ва бозиро ба нафъи худ анҷом доданд.

Мунтахаби Туркманистон барои бори дувум паиҳам ба финали Ҷоми даъвати AFC баромад.

Дар бозии дигари ниманиҳоӣ Кореяи Шимолӣ бар Фаластин бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Ҳарду голро Пак Кванг Рионг ба самар расонд.

Ба ин тартиб дар бозии ниҳоӣ рӯзи 19-уми март дастаҳои мунтахаби Туркманистону Кореяи Шимолӣ барои Ҷоми даъвати AFC ва роҳхат ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2015 талош хоҳанд кард.

Воқеъан, дар мусобиқаи пешин низ ду сол муқаддам ин ду даста ба финал баромада буд. Замони асосии бозии ниҳоии Ҷоми даъвати AFC-2010 бо ҳисоби 1:1 поён ёфт. Аз рӯи силсилаи зарбаҳои 11-метра мунтахаби Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 5:4 ғолиб омад ва барои аввалин бор соҳиби Ҷом гардид.

Қабл аз бозии ниҳоии Ҷоми даъвати AFC-2012 тими миллии Филиппин бар мунтахаби Фаластин барои ҷойи севум бо ҳисоби 4:3 ғолиб омад.

Вале дастаи мунтахаби Тоҷикистон, аввалин барандаи Ҷоми даъвати AFC-2006, ки дар мусобиқаи чаҳорум дар гурӯҳи худ бо 3 имтиёз дар ҷои севум қарор гирифт, аз ҳаққи ширкат дар даври ниманиҳоии Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё маҳрум гашт. Бояд тазаккур дод, ки футболбозони тоҷик дар ин мусобиқа аввалин бор ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфта натавонистанд.

Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Тоҷикистон бо сарварии сармураббӣ Камол Алиспоҳич, мутахассиси босниягӣ, дар бозии аввал бар тими Ҳиндустон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд, вале дар ду бозии дигар аз тимҳои миллии Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 0:2 ва Филиппин бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.
XS
SM
MD
LG