Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқоти идона бахшида ба Наврӯз


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон мусобиқоти идона баргузор мешавад.

Мақомоти шаҳрдории Душанбе мегӯянд, чорабиниҳои идона рӯзи 17-уми март соати 9 бо мусобиқаи “Дави Наврӯзӣ” оғоз меёбад. Пойга аз қароргоҳи Бозрасии давлатии автомобилӣ, воқеъ дар маҳаллаи Чорбоғ, шурӯъ шуда, дар “Наврӯзгоҳи пойтахт” ба анҷом мерасад.

Ба иттилои масъулини Федеросиюни велосипедронии Тоҷикистон, рӯзи 20-уми март баргузории веломарафон бо хатсайри Душанбе-Панҷ дар назар аст. Дучархасаворон аз пойтахти кишвар то маркази ноҳияи Панҷ масофаи наздики 300 километрро тай хоҳанд кард.

Рӯзи 23-юми март соати 14 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ мусобиқаи гуштии миллӣ бо ширкати зӯртарин паҳлавонон аз манотиқи мухталифи кишвар барпо мегардад. Ғолиби мутлақи мусобиқа бо ҷоизаи олӣ – мошини сабукрави тамғаи хориҷӣ мукофотонида мешавад.

Тантанаҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз бо мусобиқаи аспдавонӣ ё пойгаи равон, ки 27-уми март соати 10 дар “Наврӯзгоҳ” (собиқ Ипподроми Душанбе) барпо мегардад, хотима меёбад. Ғолибони пойга ба масофаҳои мухталиф бо ҷоизаҳо сарфароз мешаванд. Арзиши билет ё чиптаи вуруд ба Наврӯзгоҳ 5 сомонист.

Ба иттилоъи масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон бахшида ба Наврӯз, ҳамчунин, дар шаҳру навоҳии кишвар ба ғайр аз гуштии миллӣ, аспдавонию бузкашӣ, аз рӯи навъҳои маъмули варзиш, ба мисли баскетболу волейбол, варзиши сабук, вазнабардорӣ, дастхобонӣ, футбол, тенниси рӯи миз, шоҳмоту шашка ва ғайра мусобиқоти идона доир хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG