Пайвандҳои дастрасӣ

Леон Панетта, вазири дифои Амрико барои як сафари ду рӯза вориди Афғонистон шудааст.

Вазири дифоъи Амрико Леон Панетта имрӯз дар вилояти Ҳилманди Афғонистон сӯзондани “Қуръон” ва қатли 16 афғони мулкӣ аз сӯи сарбози амрикоиро рӯйдодҳои “амиқан изтиробангез”- номид, ки талошҳои ҷомиаи байналмилалӣ дар Афғонистонро ба чолиш мекашонанд.

Панетта баландпоятарин мақоми Амрикост, ки дар пайи ин фоҷиаи рӯзи якшанбе аз Афғонистон боздид мекунад. Ӯ ба сарбозони амрикоӣ дар Ҳилманд гуфт, пешрафти нирӯҳои НАТО ва Афғонистон идома дорад, вале онҳо бояд боз ҳам ба шикаст додани Ал-Қоида ва фурӯ нишондани муқовимати Толибон тамаркуз кунанд.

Панетта бо раҳбарони вилояти Ҳилманд дидор дошт ва қарор аст, бо раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай низ мулоқот кунад.

Гуфта мешавад, ки оқои Панетта дар ҷараёни ин сафар бо мақомоти афғон дар мавриди рӯйдоди вулусволи Панҷвойи вилояти Қандаҳор, ки дар он як сарбози амрикоӣ 16 фарди осоиштаро мавриди ҳамла қарор дода ба қатл расонид, гуфтугӯ кунад.

Ин рӯйдод сабаби барангехтани хашми афғонҳо ва мақомҳои давлатии Афғонистон гардидааст. Онҳо аз Амрико хостаанд, то ин сарбози амрикоӣ бояд дар Афғонистон ва мутобиқ ба қонунҳои ин кишвар муҳокима шавад.

Мақомоти Пентагон гуфтаанд, ки ин сафари оқои Панетта қабл аз ҳодисаи куштори Қандаҳор тарҳрезӣ шуда буд ва ба ин ҳодиса рабте надорад.

Эътирози афғонҳо алайҳи алайҳи куштори Қандаҳор

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG